вайрон

вайрон
[ويران]
1. шикаста, табоҳ, аз кор баромада; хароб; муқоб. обод: роҳи вайрон, хонаи вайрон
2. ниг. вайрона
3. нодуруст, таҳрифшуда; ғалат, нуқсондор; забони вайрон забони носуфта ва олоишёфта; ҷумлаи вайрон ҷумлаи ғалат, ҷумлаи хилофи қоидаҳои забон сохташуда
4. фосид, ганда; вайрон кардан (намудан) а) шикастан, хароб кардан, аз кор баровардан; аз байн бурдан, нест кардан; ғалтонидан (бино, иншоот, шаҳру деҳот ва ғ.); б) чизеро зоеъ кардан (дар тайёр кардани он), ғайри қобили истифода кардани чизе (аз ӯҳдаи сохтан, дӯхтан, истифода ё таъмири чизе набаромадан); в) маҷ. бекор (беэътибор) кардан, лағв кардан (ҳуҷҷатеро); г) маҷ. риоя накардан (мас., расму оини пешиниёнро ё қонуни ҷоеро); бар хилофи чизе кор кардан; вайрон будан тарзи бевоситаи вайрон кардан; вайрон шудани асаб асабонӣ шудан, худро боздошта натавонистан; вайрон шудани меъда қобилияти ҳозимаашро гум кардани меъда, номӯътадил кор кардани меъда; вайрон шудани хун фосид гаштани хун; вайрон будани ахлоқ бадахлоқ, бадкирдор, фосиқ; вайрон шудани муносибати байни ду кас рӯй додани дилхунукӣ (нохушӣ), канда шудани алоқа ва муносибати байни ду кас; вайрон шудани касе а) бероҳа шудани касе, аз роҳи дуруст баромадани касе; б) бадрафтор (бадахлоқ) шудани касе; интизомро вайрон кардан риоя накардан ба интизом, беинтизомӣ кардан; мувофиқи тартибу қоидаи муқарраршуда рафтор накардан; пинаки худро вайрон накардан парво накардан, эътибор надодан ба ҳодисае; савдоро вайрон кардан барҳам додани созише дар хусуси харидуфурӯхти чизе; сукут (хомӯшӣ)ро вайрон кардан хомӯширо халадор кардан, хомӯширо аз байн бурдан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать реферат

Смотреть что такое "вайрон" в других словарях:

  • вайронӣ — [ويراني] 1. харобӣ; харобшавӣ; нобудшавӣ; шикаст 2. нақс, иллат; нодурустӣ; вайронии ҳаво номусоидии ҳаво, бад будани обу ҳаво …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • лой — I ло II [لاي] 1. хоки бо об омехтаву шӯрида, ки дар деворзанӣ, андова ва ғ., ба кор мебаранд; гил; гили нарми таҳи оби ҷӯ, ҳавз ва ғ., таҳнишин: лойи бӯтана, лойи сақичмонанди часпак, лойи шита, лойи шуррут, ба бом лой кашидан, ба лой ғӯтидан, ба …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • хароб — [خراب] 1. вайрон, вайрона, валангор; муқоб. обод 2. лоғар, шалпар; муқоб. фарбеҳ; хароб кардан (намудан) вайрон кардан, табоҳ сохтан; хароб шудан а) вайрон шудан, табоҳ сохтан; б) лоғар шудан, бетобу тавон шудан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • инҳидом — [انهدام] а. кит. вайрон шудан, хароб шудан; вайронӣ, харобӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • луқ — [لق] а. :тухми луқ тухми вайрон; луқ шудан вайрон шудан ( и тухм) …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • палағда — [پلغده] 1. тухми вайроншудаи мурғ 2. маҷ. вайрон, беҷо; майнаи касеро палағда кардан майнаи касеро вайрон (гиҷ) кардан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • пес — [پيس] тиб 1. касалии пӯст аст, ки дар бадани инсон ва ҳайвон аз вайрон шудани пигментатсияи доғҳои сафед пайдо мешавад, барас 2. бемори гирифтори ин касалӣ ◊ пес шудани кор вайрон шудани кор, расво шудани кор; песи махав разил, нобакор, сифла …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • поймол — [پايمال] 1. зери по, лагадкӯб 2. хароб, вайрон, абгор, зоеъ, нобуд; поймол гаштан а) зери по шудан, таги по шудан, лагадкӯб шудан; б) харобу вайрон шудан, зоеъ гаштан; поймол кардан а) лагадкӯб кардан, б) хароб гардонидан, зоеъ сохтан, нобуд… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • пӯсидан — [پوسيدن] 1. вайрон шудан, табоҳ гардидан, тосидан, аз ҳам рехтан 2. маҷ. вайрон шудан, фарсуда гаштан 3. маҷ. зоеъ шудан, беҳуда нобуд шуда рафтан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • харобӣ — [خرابي] 1. вайронӣ, вайронагӣ, табоҳӣ; муқоб. ободӣ, ободонӣ; ба харобӣ рӯ овардан вайрона шудан (ба сабаби бенигоҳубинӣ); харобӣ овардан боиси вайронӣ гардидан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»